Аун Сан Су Чжи, раҳбари мухолифини Мянмар мегӯяд, ки ҳизбаш дар интихоботи парлумонии рӯзи 8 ноябр пирӯз шудааст.
Хонум Чжи, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, дар сӯҳбат бо телевизиони Би-би-си рӯзи 10 ноябр гуфт, ки ҳизби ӯ - Лигаи миллӣ барои демократия тақрибан 75 дар сади мандатҳои ҳарду палатаи парлумони кишварро соҳиб мешавад. Аз ин пеш сарпарасти ҳизби ҳукмрони Ҳамраъйӣ ва рушд У Хтай Оо шикасти ҳизбаш дар интихоботи рӯзи якшанбе, 8 ноябрро эътироф кард.
Бар пояи Қонуни асосии Мянмар, 25 дар сади курсиҳои парлумонро намояндагони нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ишғол мекунанд. Ба Лигаи миллӣ барои демократия барои пирӯзӣ дар интихобот дарёфти 67 дар сади курсиҳои парлумон кофист.
Аун Сан Су Чжи, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел,тақрибан 15 сол дар ҳабси хонагӣ қарор дошт.