Вазорати варзиши Русия рӯзи 10 ноябр изҳор намуд, ки барои ҳамкории наздиктар бо World Anti-Doping Agency (WADA) ё Бунёди ҷаҳонии зидди допинг, омодааст ва ҳама камбудиҳои Комиссиюни назоратии зидди допинги Русия ва озмоишгоҳи онро бартараф мекунад.
Изҳороти вазорат як рӯз баъд аз он нашр шуд, ки WADA ба Федератсияи байнулмилалии варзиши сабук тавсия дод, Федератсияи варзиши сабуки Русияро муҷозот ва варзишгарони кишварро то анҷоми тафтишоти комиссиюни вижа аз ширкат дар ҳама мусобиқаҳои байнулмилалӣ маҳрум кунад. Ин маънои онро дорад, ки бархе аз варзишгарони рус дар Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Бразилия ширкат нахоҳанд кард.
Дар нишасти хабарии масъулони WADA дар шаҳри Женева рӯзи душанбе гуфта шуд, ки Федератсияи варзиши сабуки Русия кодекси байнулмилалии зидди допингро нақз кардааст. Комиссиюни WADA талаб дорад, ки варзишгарони рус Мария Савинова, барандаи Бозиҳои олимпии соли 2012 ва Екатерина Понстогова, соҳиби медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон, ки ба истифодаи маводи мамнӯъ иқрор кардаанд, якумрӣ аз ширкат дар қувваозмоиҳои байнулмилалӣ маҳрум карда шаванд.
Ба гуфтаи Дик Пунд, муаллифи гузориши 335-саҳифагӣ ва раиси пешини WADA, тақаллуб дар озмоишгоҳ, ришватситонӣ ва фиребу найранг бо ризояти мақомоти Русия сурат гирифтаанд.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, рӯзи 10 ноябр, изҳор намуд, ки иттиҳоми WADA бепояву бунёд аст. Гап сари он ки вақте иттиҳом садо медиҳад, он бояд далелҳо дошта бошад ва то он замоне, ки далелҳо ироа нашудаанд, қабули иттиҳом душвор аст, гуфт ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигорон.