Дар шаҳри Минск, пойтахти Белорус, ҷашнвораи дуввуми театрии ҷавонони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва соҳили Балтик баргузор мешавад.
Ба иттилои хабаргузории belta.by, аз 19 то 26 ноябр алоқамандони санъати театрӣ ва ҳайати ҳакамон 14 намоишномаи таҳиягарони ҷавони Русия, Белорус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Эстония, Арманистон, Тоҷикистон, Украина, Узбакистон, Латвия, Молдавия, Литва ва Гурҷистонро тамошо хоҳанд кард.
Ҷашнвора рӯзи 19 ноябр бо намоишномаи ғайриозмунии “"Чехов. Мазҳака. Моҳихӯрак" дар таҳияи Искандар Соқиев дар Театри давлатии ҷавонони Белорус ифтитоҳ мешавад.
Дар ҷашнвора Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо намоишномаи «Наврасии Мушфиқӣ» ширкат мекунанд. Намошномаро таҳиягари хуҷандӣ Қурбонҷон Бобоҷонов рӯи саҳна овардааст. Намоишнома бо забони тоҷикист ва тавассути сатри равон ба русӣ тарҷума мешавад.
Қурбонҷон Бобоҷонов ба хабаргузории belta.by гуфтааст, ки намоишнома барои теъдоди ками тамошобинон пешбинӣ шудааст. Таҳиягар саҳнае дохили саҳна сохтааст, то ки тамошобин бо қаҳрамонҳои асар наздиктар бошад. Ороиши намоишнома ҳам ғайримуқаррарист ва дар саҳна як ҳавзи хурди об ҳам ҳаст – як бахши намоишнома дар дохили ин ҳавз мегузарад. Қаҳрамони намоишнома Мушфиқии наврас ба суолҳое посух меҷӯяд, ки "чаро магас парвоз мекунад, аммо инсон не", "чаро паррандаҳо бепарво мева мехӯранд ва аммо одам бояд аз соҳиби боғ иҷоза пурсад?" Ба гуфтаи таҳиягар, "Наврасии Мушфиқӣ» барои тамошобини закӣ таҳия шудааст.
"Наврасии Мушфиқӣ» рӯзи 21 ноябр дар саҳнаи Театри ҷумҳуриявии тамошобини ҷавони Белорус намоиш дода мешавад.