Вулусволии Хоҷағори Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, рӯзи шанбе пурра ба назорати ҳукумат даромадааст. Дар ин бора Абдулвакил Сулаймонхел намояндаи нируҳои вижаи артиши миллии Афғонистон ба рӯзноманигорон хабар додааст.
Бино ба гуфтаи ин сарчашма, вулусволии Хоҷағор баъд аз амалиёти серӯзаи нируҳои давлатӣ аз дасти гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ гирифта шудааст.
Сулаймонхел гуфтааст, ин вулусволӣ аз ҳузури тундравҳо пок шуддаст ва ба “душман” зарбаи қотеъ ворид кардаанд. Аз ҷониби нируҳои ҳукуматӣ як сарбоз кушта, як сарбози дигар захмӣ шудааст.