6 ноябр Франк Волтер Штайнмаер-вазири корҳҳои хориҷаи Олмон гуфт, ки вазирони хориҷаи Украинаву Русия ва Олмону Фаронса ба тавофуқ расидаанд, ки аслиҳаи вазнин аз манотиқи шарқии Украина берун бурда шавад.
Вай ин суханонро дар поёни музокироти вазирони ин кишварҳо дар Берлин изҳор дошт. Вай афзуд даргириҳо дар ин минтақа коҳиш ёфтааст ва берун бурдани аслиҳаи сабук тақрибан ба поён расидааст.
Дар бораи минаҳое, ки дар минтақа гузошта шудааст, Штайнмаер гуфт, ки охири моҳи ноябр мӯҳлати барчидани ин минаҳо мебошад.
Штайнмаер гуфт, ки ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия низ бояд масъалаҳои сисёсиро баррасӣ кунанд, ки дар давраи интихоботи барномарезишуда дар манотиқи шарқӣ кӣ раҳҳбариро бар уҳда хоҳад гирифт ва бар ҷараёни райдиҳӣ кӣ бояд назорат кунад.
Павло Климкин-вазири корҳои хориҷаи Украина гуфт, бар ҷараёни интихобот САҲА назорат хоҳад кард. Ин созмон ҳоло нозирони оташбаси худро дар ин минтақа мустақар кардааст.