Аз 7 ноябър дар Украина қонуни нав “Дар бораи пулиси миллӣ” эътибор пайдо кард. Қонуни пешин “Дар бораи милитсия” эътибори худро аз даст дод.
Арсен Аваков-вазири корҳои дохилаи Украина дар сафҳаи Фейсбуки худ навиштааст, ки дар ҷараёни иваз кардани номи милитсия бо пулис давраи гузариш дар назар дошта шудааст.
Давраи гузариш имтиҳони кормандон ва тағири баъзе кормандон хоҳад буд ва дар ин муддат либоси пулис низ тағир хоҳад ёфт. Бино ба гуфтаи Аваков, ҳоло кормандони милитсия иҷрокунандаи мақом шуморида мешаванд.
2 июли соли ҷорӣ Верховная Рада қонун “Дар бораи пулиси миллӣ”-ро ба тасвиб расонд. Петро Поршенко-раиси ҷумҳур онро 4 август имзо кард.
Рӯзи чаҳоршанбе дар Украина эълон карданд, ки раҳбарии пулиси миллии Гурҷистонро Хатия Деканоидзе-вазири пешини маориф ва илми Гурҷистон бар уҳҳда мегирад ва Александр Фатсевич-раиси пулиси гашт ё патрул муовини Деканоидзе хоҳад шуд.
Бино ба гузоришҳо, то поёни соли 2016 ҳамзамон пулис ва милитсия дар Украина фаъолият хоҳанд кард.