Амрико аз тасмими додгоҳи Гурҷистон дар бораи иваз кардани раҳбарияти бузургтарин телевизиони мустақили ин кишвар амиқан изҳори нигаронӣ кардааст.
5 ноябр қозии додгоҳ дастур дод, ки раҳбарони боломақоми шабакаи телевизионии Рустави-2 иваз карда шаванд. Раҳбарони ин шабакаро яке аз соҳибкорон таин карда буд ва ҳоло тибқи дастури додгоҳ бояд шахсони наздик ба ҳукумат раҳбариро дар ин шабака бар уҳда бигиранд.
Ҷон Кирбӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико 6 ноябр гуфт, ки “дар ҷомеаи демократӣ ақидаҳои интиқодӣ бояд ташвиқ шаванд, на хомӯш”.
Дуня Миатович-намояндаи озодии матбуот дар САҲА гуфт, тасмим дар бораи сардабирон бояд дар ҷаласаи дабирон гирифта шавад, на дар додгоҳҳо”. Ба гуфтаи ин сарчашма, талошҳои додгоҳҳо барои таъсир гузоштан дар сиёсатҳои матбуотӣ нақзи қонуни матбуот ва муқуррароти ҷомеаи демократӣ мебошад.
Freedom House ё Хонаи Озодӣ, ки марказаш дар Вашингтон аст, аз ҳукумати Гурҷистон хост, ки “мудохила ба матбуотро хотима диҳад”.