Кӯҳансолтарин сокини Қирғизистон Оиша Отабоева 130 сола шуд. Дар ин бора аз маъмурияти ноҳияи Қара-Сууй хабар доданд.
Тибқи иттилои ин ниҳод Оиша Отабоева дар деҳаи Тогуз-Булак зиндагӣ мекунад. Вай дар соли 1885 дар деҳаи Правдаи ноҳияи Алай таваллуд шудааст. Соли 1905 издивоҷ карда, ҳамроҳи шавҳараш ба ноҳияи Қара-Сууй кӯчидааст.
Вай 4 фарзанд, 32 набера ва 47 абера дорад.
Дар ҳукумати ноҳия гуфтанд, ки вазъи Оиша Отабоева хеле хуб аст, имконияти шунавоӣ ва бинишаш хубанду мустақилона гаштугузор мекунад.
Гуфта мешавад, дар ноҳияи Қара-Сууй беш аз 10 нафари синнашон аз 100 боло зиндагӣ мекунанд.