Додгоҳи олии Русия 22 сол ҳукми зиндони шаҳрванди Тоҷикистон Иззатулло Неъматовро бетағйир боқӣ гузошт. Додгоҳи кишвари Хабаровск дар моҳи май Неъматовро бо ҷурми қатли корфармояш ва ёвари ӯ ба чунин мӯҳлати тӯлонӣ маҳкум ба зиндон карда буд. Неъматов дар бӯстонсарои тоҷири маҳаллӣ Владимир Фукалов кор мекард. Ҷасади тирхӯрдаи ин тоҷир ва ёвари ӯро рӯзи 5 апрел аз дохили мошини сӯхтаи соҳибкор дар соҳили як рӯдхона пайдо карданд. Баъди чанд рӯз пулис Иззатулло Неъматовро ҳамчун гумонбари асосӣ дастгир кард. Тафтишот мегӯяд, Неъматов аз рӯи тамаъ корфармояшро кушта ва пулу ашёи тилоии ӯ ба маблағи тақрибан ним миллион рублро рабудааст. Неъматов дар додгоҳ инро рад кардааст.