Ба гуфтаи манобеи амниятии Амрикову Аврупо, далелҳои нав аломат медиҳанд, ки зоҳиран бомби гузоштаи созмони тундрави “Давлати исломӣ” сабаби суқути ҳавопаймои Русия дар нимҷазираи Синайи Миср шудааст. Як мақоми амрикоӣ рӯзи 4 ноябр ба CNN гуфт, “як эҳсоси қавие ҳаст, ки дар бордон ваё ягон ҷои дигари ҳавопаймо маводи мунфаҷира гузошта шуда буд. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, чунин натиҷагирӣ, ки як гурӯҳи марбути “Давлати исломӣ” дар ҳавопаймо бомб гузоштааст, бар асоси иртибототи сабтшуда аст. Агар ин фарзия собит шавад, ин нахустин мавриди ҳамлаи “Давлати исломӣ” ба ҳавопаймоҳо хоҳад буд. Таҳлилгарони масоили кашф бовар надоранд, ки дастури ин ҳамла аз маркази раҳбарони “Давлати исломӣ” дар Раққаи Сурия омада бошад. Ба бовари онҳо, ин ҳамларо як гурӯҳи ба ин созмон марбут, ки дар Синай фаъолият мекунад, мустақилона барномарезӣ ва иҷро кардааст. Ин гурӯҳи мисрӣ ба даст доштан дар рӯёрӯиҳои хунин дар шимоли Синай, ки мунҷар ба ҳалокати садҳо сарбози афсари пулис шудааст, айбдор мешавад. Як мақоми амрикоӣ ба Франс Пресс гуфт, суқути ҳавопаймо бо сайёҳони рус дар ҳоле сурат гирифт, ки Русия мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия бомбборон мекунад ва ин ҳамла “чизест, ки “Давлати исломӣ мехост анҷом диҳад.” Ин гурӯҳи ифротӣ исрор дорад, ки он ҳавопаймои Русияро суқут додааст. Ин гурӯҳ рӯзи 4 ноябр гуфт, ҳамла ба ҳавопайморо ба хотири таҷлили солгарди байъаташ ба “Давлати исломӣ” анҷом додааст. Ҳавопаймои Airbus 321-200-и ширкати “Когалимавиа” рӯзи 31 октябр дар фазои нимҷазираи Синай суқут дода шуд. Бар асари ин сониҳа, ҳамаи 224 сарнишини ҳавопаймо кушта шуданд.