Додгоҳи вилояти Намангони Ӯзбакистон 4 нафарро ба иттиҳоми ҷалби ҷавонон ба суфуфи созмони террористии “Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон” ба муддатҳои аз 7 то 8 сол зиндон маҳкум кардааст.
Дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳ таъкид шудааст, ки ин афрод шаҳрвандони Ӯзбакистонро барои ширкат дар ҷангҳо дар Афғонистону Покистон ташвиқ кардаанд.
Гуфта мешавад, ин 4 нафар дар ҳудуди Русия таҳти нуфузи “Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон”афтода ва бо ин созмони террористӣ ҳамкорӣ кардаанд.