Қочоқчии тоҷик дар Русия ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон шуд

Додгоҳи шаҳри Астархани Русия Саидов И., шаҳрванди Тоҷикистонро барои қочоқи 80 кило ҳероин ба муддати 16 сол маҳкум ба зиндон кард.

Бино ба иттилои Хадамоти назорати маводди мухаддири Русия, дар тобистони соли гузашта кормандони пулиси Маскав як узви гурӯҳи қочоқбарро дастгир карданд, ки ӯ ба ҳангоми бозпурсӣ аз нақшаи интиқоли миқдори зиёди ҳероин ба ҳудуди Русия хабар дода буд.

Худи ҳамон сол дар ҳудуди шаҳри Подолски вилояти Маскав аз баки бензини мошини боркаши KIA Sportage, ки аз Тоҷикистон ба Маскав бор мебурд, 50 кило маводди мухаддир кашф ва мусодира гардид.

Ҳамчунин, дар миёни мебеле, ки ин мошин интиқол медод, 32,5 кило ҳероин ошкор шуд. Дар маҷмӯъ, аз ин мошин 82,5 кило ҳероин ёфт шуд, ки арзишаш дар “бозори сиёҳ” 800 миллион рубл арзёбӣ мешавад.