Мақоми 91-уми Тоҷикистон дар "Шохиси шукуфоӣ"

Дар раддабандии нави “Шохиси шукуфоӣ(Prosperity Index)-и Пажӯҳишгоҳи Легатум Тоҷикистон 3 зина боло рафта, дар байни 142 кишвар дар мақоми 91 ҷой гирифтааст. Ин маркази таҳқиқотии марказаш дар Лондон ҳар сол сатҳи пешрафти кишварҳоро бар асоси 8 нишондиҳанда – иқтисод, соҳибкорӣ ва имконот, идораи давлат, маориф, тандурустӣ, амнияту оромӣ, озодиҳои шахсӣ ва сармояи иҷтимоӣ ҳисоб мекунад. Се мақоми аввалро дар ин гузориш кишварҳои Аврупо – Норвегия, Швейтсария ва Дания – бо имконоти, ба ақидаи муаллифон, дар дунё болотарини пешрафт ба даст овардаанд.

Тоҷикистон болотарин мақом – 44-умро дар бахши сармояи иҷтимоӣ соҳиб шудааст. Муҳаққиқон сатҳи маорифи Тоҷикистон дар байни 142 кишвар дар мақоми 62 ва мизони оромӣ ва амнияти ин кишвар дар ҷои 65-ум гузоштаанд. Вале сатҳи озодиҳои шахсӣ дар ин кишвар дар зинаи 105, сатҳи идораи давлаташ дар мақоми 113 ва сатҳи иқтисодаш дар зинаи 122 ҷой дода шудааст. Тоҷикистон, ҳамин тавр, дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз нигоҳи шохиси пешрафт аз ҳама ақиб мемонад. Қазоқистону Узбакистон дар ин раддабандӣ паиҳам дар мақомҳои 56 ва 57 ва Қирғизистон дар зинаи 66 ҷой гирифтаанд. Пажӯҳишгоҳи Легатум, ки аз соли 2009 ба ин тараф ҳар сол “Шохиси шукуфоӣ”-и кишварҳои ҷаҳонро нашр мекунад, имсол низ дар раддабандиаш Туркманистонро фаро нагирифтааст.