Ҷасади 10 қурбонии фоҷеаи ҳавоӣ шиносоӣ шуд

Қабули ҷасадҳо дар Санкт Петербург

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҷасади даҳ нафар қурбонии суқути ҳавопайморо хешовандонашон шинохтаанд. Ҳавопаймои A321-200 дар болои нимҷазираи Синаи Миср 31 октябр аз радарҳо нопадид шуд ва ба фоҷеа дучор гардид. Ин ҳавопаймо аз фурудгоҳи шаҳри Шармушейх ба ҳаво бархост ва ба сӯи шаҳри Санкт Петербург парвоз мекард.

Ҳамаи 224 нафар мусофирон ва халабонони ин ҳавопаймо дар ин ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Дар таърихи ҳавопаймоии Русия ва Шӯравии пешин ин бузургтарин фоҷеаи ҳавоӣ ба шумор меравад.

Алексей Смирнов-вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Русия мегӯяд, ки ҳамин ҳафта бо ду ҳавопаймо ҷасади 140 нафар ва пораҳои ҷасади 100 нафари дигар ба Санкт Петербург оварда шудааст.

То ҳол дар бораи сабабҳои фоҷеаи ин ҳавопаймо чизе гуфта намешавад. Ширкати ҳавопаймоӣ мегӯяд, ки халабонон иштибоҳе надоштаанд ва мушкили техникӣ ҳам пеш наомадааст.