Суқути ҳавопаймои русӣ дар фазои Миср

Дар ҳарими Миср ҳавопаймои мусофирбари Русия суқут кард. Ба иттилои хабаргузориҳо, ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалымавиа", ки рӯзи 31 октябр бо беш аз 200 мусофиру сарнишин сӯи шаҳри Санкт-Петербург, баъд аз чанд дақиқаи парвоз аз фурудгоҳи фароғатгоҳи Шарм-ул-Шайх дар болои нимҷазираи Синой аз радарҳо нопадид шуд.

Дафтари нахуствазири Миср тасдиқ кард, ки ҳавопаймо суқут кардааст.

Як манбаи хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки дар ҳавопаймо 224 нафар, аз ҷумла, 217 мусофир ҳузур доштанд. Муассисаи давлатии Росавиация аз экрани радарҳо ғайб задани ҳавопаймои хайсайри Шарм-ул-Шайх – Санкт-Петербургро тасдиқ кард ва гуфт, ки дар ҳавопаймо 214 мусофир ва 7 аъзои экипаж нишаста буданд.

Баъзе хабаргузориҳо навиштаанд, ки Airbus A-321 дар канори шаҳри Ал-Ариши воқеъ дар шимоли нимҷазираи Синой ба замин сарозер шудааст.

Амалиёти ҷустуҷӯиву наҷотбахшӣ шурӯъ шудааст ва дар он низомиёни артиши Миср ширкат доранд.