Бонки ҷаҳонӣ бо дархости Бонки миллии Тоҷикистон вазъи маърифати молии сокинон ва сатҳи хадамоти бонкҳо, ба хусус банкоматҳоро омӯхта ба натиҷае омадааст, ки набуди сохтори махсус барои ҳимояи ҳуқуқҳои сокинон дар Тоҷикистон сабаби аслии рушди кунди низоми бонкӣ дар ин кишвар мебошад. Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллӣ рӯзи 30 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи пешниҳодоти Бонки ҷаҳонӣ барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ё худ сокинони кишвар дар сомонаи Бонки миллӣ почтаи нави электронӣ -- “allomushtari@nbt.tj ба роҳ монда шуд.
Бо ин ҳадаф Бонки миллӣ як шӯъбаи ҷадид барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани шароити солими ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони кишвар таҳти унвони “Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ”-ро ба роҳ мондааст. Ҳамин шӯъба бо суоли “Оё аз хизматрасониҳои банкоматҳо розӣ ҳастед?” аз тариқи сомонаи бонк пурсиш анҷом дод ва аз 450 нафар сокинон 51 дарсад норозигии худро баён дошта, 46 фоиз изҳор кардаанд, ки розӣ ҳастанд.
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, барои ба даст овардани эътимоди мардум ба хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳамкорӣ бо институтҳои молии ҷаҳон, аз ҷумла бо Бонки ҷаҳонӣ ҳамкории фаъол доранд ва бо барномаҳои мухталиф донишу маърифати молии мардум рушд дода ошноии онҳоро бо низоми бонкӣ бештар кард. Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки шӯъбаи махсуси ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ мунтазири дархост ва арзу шикоятҳои сокинон дар мавриди хадамоту хизматрасониҳои бонкҳо дар кишвар мебошад.