Сенати Амрико будҷаи дусоларо ба тасвиб расонд

Сенати Амрико пешнависи будҷаи дусоларо ба тасвиб расонд, ки масорифи федеролиро афзоиш додааст ва аз имкони боздоштани фаъолияти ҳукумат пешгирӣ мекунад.

Пешнависи будҷаро бомдоди 30 октябр Сенат ба тасвиб расонд ва онро ду рӯз пештардар Маҷлиси Намояндагон низ ба тасвиб расонданд. Акнун ин будҷа барои имзо ба Барак Обама-раиси ҷумҳур фиристода мешавад.

Ба ҷонибдории будҷа 64 нафар райи мувофиқ ва 35 нафар райи мухолиф доданд ва 80 миллиард доллар масорифи ҳукумат бештар шудааст.

Тафовуқот дар бораи будҷа баъд аз як ҳафтаи музокироти миёни Кохи Сафед ва Ҷон Боҳнер-раиси Маҷлиси Намояндагон ба даст омад. 29 октябр Ҷон Боҳнер аз ин мақмоми худ истеъфо дод ва Пол Райан ба ҷои вай раис интихоб шуд.