Гумонбари ҳамла ба хабарнигор Ботагоз Жуманова бо ҳукми додгоҳ барои ду моҳ боздошт шуд, хабар дод ба Азаттик корманди маркази матбуотии додгоҳи шаҳри Алмаато Гавҳар Шалабаева.
“ Ин мард дар омодагӣ барои содир кардани ҷиноят ва роҳзанӣ гумонбар аст,” - гуфт Шалабаева.
Ҳамла ба Жуманова шоми 8 октябр дар Алмаато дар назди даромадгоҳи биное, ки хабарнигор дар он ҷо зиндагӣ мекунад, сурат гирифт. Ҳамлагар аз ҷойи ҳодиса нопадид шуд. Аммо мавриди худи ҳамла тавассути дурбинҳо сабт шудааст. Хабарнигор бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шуд.
Пулис дар ҳафтаи ҷорӣ хабар дод, ки ба гумони ҳамла ва ин ҷиноят марди 22-сола боздошт шудааст.