Нахуствазири Ҷопон бо Назарбоев мулоқот кард

Синдзо Абе ва Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон бо Синдзо Абе-нахуствазири Ҷопон дидор ва гуфтугӯ кард. Назарбоев дар ин мулоқот ёдоварӣ намуд, ки миёни ин ду кишвар дар бахшҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ихтилофи назар вуҷуд надорад ва ин ду кишвар метавонанд дар ҳама бхшҳо бо якдигар ҳамкорӣ кунанд.

Назарбоев ҳамчунин гуфт, ки кишвараш омода аст аз шеваҳои ҳамкории Ҷопон бо кишварҳои Осиёи Миёна ҳимоят кунад. Синдзо Абе дар поёни музокирот ёдоварӣ кард, ки Ҷопоен мехоҳад барои рушди нируи атомӣ ва сохтмони ниругоҳи атомӣ бо Қазоқистон ҳамкорӣ кунад.

Ин ду кишвар ҳамчунин дар тарбияи коршиносон дар бахши саноат ва тиб ба тавофуқ расиданд. Абе изҳор дошт, ки Қазоқистон ва Ҷопон барои ворид овардани ислоҳот дар СММ ва роҷеъ ба манъи густариши аслиҳаи ҳастаӣ ваҳдати назар ҳосил кардаанд.

Синдзо Абе баъд аз боздид аз Муғулситону Туркманистон, Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон ба Қазоқистон омад.