Говдуздон ба даст афтоданд

Кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бохтар гурӯҳи говдуздҳоро боздошт намуд, ки пайваста даст ба дуздии чорвои калон зада, сокинони ноҳияро ба ташвиш гузоштаанд. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар 26 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳро кормандони умури дохила рӯзи якшанбе боздошт карданд, ки аз се нафар иборат буда, аз моҳи июн ба ин тараф даҳҳо адад гови ҷӯшоиро дуздида, дар бозор фурӯхтаанд. Инҳо сокинони ноҳияи Бохтар, Вахш ва шаҳри Қӯрғонтеппа буда, тафтишот то ошкор кардани афроди дигари ин гурӯҳ аз ифшои ному насаби онҳо худдорӣ кард. Ин афрод тайи нимсол дар чарогоҳҳои деҳаҳои “Чорсӯ”, “Ваҳдат”, “Меҳвар”, “Гули Сурх” ва аз чарогоҳҳои дигари ноҳияи Бохтар бо роҳи пинҳонӣ гову гусолаҳоро дуздида, дар қассобхонаҳо ва дар бозор фурӯхтаанд. Тавре мақомоти интизомии ноҳияи Бохтар мегӯяд, аъзои ин гуруҳ аз ҷумла шаби 31 августи соли равон ду сар гови калонро бо нархи 6 ҳазор сомонӣ ва дар моҳи июн як гови дигар бо арзиши 3000-сомонӣ ва шаби 29 сентябр чор гови дигар бо қимати 8000 сомониро дуздида маблағро барои зарурати зиндагии худ сарф кардаанд.