Будҷаи Қирғизистон севумин буҷаи шаффофи кишварҳои ИДМ унвон шуд

Будҷаи Қирғизистон севумин будҷаи шаффоф дар миқёси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил унвон шуд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Маркази таҳқиқоти стратегии он кишвар хабар дод. Бино бар ҳисоботи Ҳамкории байналмилалии будҷавӣ, Қирғизистон ҷаҳиши боварнакарданӣ анҷом дода, якбора аз 20 хол (аз маҷмӯи 100 хол) дар соли 2012 ба 54 хол дар соли 2015 расидааст.

Нишондоди беҳтарини Қирғизистон дар ин шохис "Назорати будҷаи мақомоти қонунгузорӣ" унвон шудааст. Дар ин маврид Қирғизистон 70 холро соҳиб шуда, баҳои "муносиб"-ро гирифтааст.

Баҳои нишондодҳои дигар каме пасттар ҳастанд: шаффофият - 54 хол; иштироки омма - 52 хол; назорати будҷа аз ҷониби мақомоти болоии молиявӣ - 42 хол.

Ду мақоми аввалро миёни кишварҳои ИДМ - Русия бо касби 74 хол ва Гурҷистон бо касби 66 хол ишғол кардаанд.

Ҳисоботи Ҳамкории байналмилалии будҷавӣ ба ҳукумати Қирғизистон тавсия додааст, ки оид ба тақсимбандии хароҷоти соли оянда ва солҳои қаблии будҷаи ҷумҳуриявӣ маълумоти бештар ироа кунад.