Баъд аз сафари ғайриинтизори президенти Сурия Башор Асад ба Маскав, вазирони корҳои хориҷии ИМА, Русия, Туркия ва Арабистони Саудӣ дар Вена мулоқот мекунанд.
Вазири корҳои хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ барои баррасии вазъи Ховари Миёна ва Украина бо Русия, Туркия, Арабистони Саудӣ ва Исроил ба Аврупо меравад. Рӯзи панҷшанбе Ҷон Керрӣ дар Берлин бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу мулоқот ва роҳҳои ҳалли хушунат миёни фаластиниҳо ва исроилиҳоро баррасӣ кард.
Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии ИМА Ҷон Кирбӣ таъйид кард, ки Ҷон Керрӣ 23 октябр бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дидори як ба як анҷом медиҳад ва вазъияти Сурияро баррасӣ мекунад.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар дода буд, ки Лавров ва Керрӣ барои баррасии бӯҳрони Сурия дар Вена бо вазирони умури хориҷаи Туркия ва Арабистони Саудӣ мулоқот хоҳанд кард.
Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳамчунин хабар дод, ки Лавров бо Керрӣ 21 октябр суҳбати телефонӣ дошт. Намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, сӯҳбати ду вазир 10 дақиқа идома кард.