Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” барои нахустин бор дар хатсайри Душанбе-Бишкекро парвозҳо анҷом медиҳад. Ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” аз шаҳри Душанбе ба пойтахти Қирғизистон ҳафтае 2 маротиба -- рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе парвоз хоҳанд кард.
Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати “Сомон Эйр” рӯзи 22-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аввалин парвоз ба Бишкек 30-юми октябр аз сар гирифта мешавад. Бандишоев ҳадаф аз кушодани хатсайри навро зиёд шудани мусофирон дар ин самт арзёбӣ кард. Ҳамаи парвозҳо дар ин хатсайрҳоро Сомон Айр тавассути ҳавопаймои Боинг-737 анҷом медиҳад.
Масъулони ин ширкат мегӯянд, ки вақти парвозҳо аз Душанбе ба Бишкек рӯзҳои ҷумъа соати 21 ва рӯзҳои якшанбе соати 21-30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба назар гирифта шудааст. То ин замон дар самти Душанбе -- Бишкек танҳо ширкати "Тоҷик Эйр" ҳафтае 2 маротиба парвоз анҷом медод.