Дар шаҳри Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманди Афғонистон, рӯзи 21 октябр набардҳои шадид миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ситезаҷӯёни ҷунбиши “Толибон” идома карданд. Як рӯз пеш толибон як бахши ин шаҳрро таҳти назорати худ қарор доданд.
Мақомоти афғон мегӯянд, ки баъди шоми 20 октябр таҳти тасарруфи толибон қарор гирифтани минтақаи Бабаҷӣ ба шаҳри Лашкаргоҳ нерӯҳои иловагӣ фиристода шуданд. Даргириҳо баъзе аз сокинонро барои тарки Лашкаргоҳ водор сохтанд.
Набарди шадид алҳол барои шоҳроҳе низ идома дорад, ки ду шаҳри бузурги ҷануби Афғонистон – Қандаҳор ва Ҳиротро бо ҳам мепайвандад.
Дар вилояти Ҳилманд, то хатми амалиёти НАТО дар Афғонистон дар соли гузашта, пойгоҳҳои низомии нерӯҳои амрикоӣ ва бритониёвӣ ҷойгир шуда буданд. Ҳилманд аз марказҳои бузургтарини парвариши хашхош дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.