Муҳассили соли севуми литсеи академӣ дар Қарақалпоқистон Мансур Матяқубов зимни ҷамъоварии пахта худро дар шохи дарахт ба дор овехт. Дар ин бора манбаи бахши ӯзбекии радиои "Озодлик" дар мақомоти интизомии он кишвар хабар доданд.
Ин ҳодиса 2 октябри соли ҷорӣ рух додааст. Сабабҳои худкушӣ то кунун рӯшан нашудааст.
Манбаи "Озодлик" хабар додааст, ки сиҳатии Матяқубов барои ҷамъоварии пахта мувофиқ набуд. Аммо раҳбарияти муассисаи таълимӣ ӯро ҳамроҳ бо дигар хонандагон ба ҷамъоварии пахта фиристодааст.
Дар ҳамин ҳол, мактуби Мансуров пайдо гардидааст, ки вай дар мактуб аз раёсати муассиса дархост кардааст, ки мехоҳад хоҳишмандона ба пахтачинӣ биравад.
Дар ҳоли ҳозир, тафтишоти пешакӣ оиди худкушӣ идома дорад, аммо парванди ҷиноӣ ҳоло боз нашудааст. Дар мавсими имсолаи пахтачинӣ дар Ӯзбекистон наздики 10 ҳолати фоҷиавӣ рух дод.