Дар Русия муҳокимаи додгоҳии Савченко идома дорад

19 октябр дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳии низомии украинӣ Надежда Савченко дар Русия додситонҳо хондани айбномаро идома доданд. Худи Савченко ва вакилони дифои вай изҳор доштанд, ки бештари шоҳидони ҷониби додситонӣ эҳтимолан нафарони тақаллубӣ мебошанд. Вакилони дифоъ мехоҳанд, дархости ҳузур доштани хоҳари айбдоршаванда Вера Савченкоро дар муҳокимаи додгоҳӣ ба иҷро расонанд. Чанд рӯз пеш вакили дифоъ Марк Фейгин хабар дод, ки ба хоҳари Савченко вуруд ба қаламрави Русия то соли 2020 манъ шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Украина манъи вуруди Вера Савченкоро ба қаламрави Русия навъи талоши ҷониби Русия унвон карда, онро “ғайримумкин” медонад ва иддаъо дорад, ки ин амал маҳдудсозии имконияти вакилони дифои айбдоршаванда барои савол додан ба шоҳидон аст. Дар баёнияи вазоратхонаи украинӣ гуфта шудааст, ки чунин “шоҳидон” асосан ширкаткунандагони гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар қаламрави Украина мебошанд.

Киев таъкид мекунад, ки Федератсияи Русия уҳдадориҳои худро дар чаҳорчӯби Шӯрои Аврупо рияот намекунад ва Надежда Савченко ҳамчун узви Анҷумани порлумонии Иттиҳодияи Аврупо шахси дахлнопазир аст.