Аз 19 то 23 октябр дар Ҳавзаи низомии марказииРусия дар Чебаркули вилояти Челябинск машқҳои низомии ситоди нируҳои вокуниши сареи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор мешавад. Дар он намояндагони нируҳои мусаллаҳи Русияву Қазоқистон ва Қирғизистону Тоҷикистон ширкат хоҳанд ҷуст.
Дар ин бора Владимир Зайнетдинов-сухангӯи ҳавзаи низомӣ ба матбуот хабар додааст. Дар ин машқҳо намояндагони ситод тарзи идораи амалиёти зиддитеррористиро тамрин мекунанд.
Ба гуфтаи Владимир Зайнетдинов, ин машқҳо дар соли 2015 машқҳои охирин ва ҷамъбастии омодагии муштараки ниҳодҳои идории низоми амнияти дастаҷамъӣ хоҳад буд.