Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, иддаоҳо дар бораи ҳимояти кишвараш аз Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурияро рад кард. Ӯ рӯзи 17-уми октябр дар мусоҳиба бо телевизиони давлатии Русия гуфт, кишвараш бо амалиёти низомӣ дар Сурия ва дар асоси дархости “мақомоти қонунии он” манофеи миллии худро муҳофизат мекунад. Нахуствазири Русия афзуд, ки интихоби раҳбари Сурия ҳаққи шаҳрвандони ин кишвар аст ва онҳо худашон бояд дар ин замина тасмим бигиранд. Ба гуфтаи Дмитрий Медведев, барои Русия муҳим ин аст, ки Сурияро гурӯҳи Давлати исломӣ раҳбарӣ накунад. Русия мегӯяд, дар амалиёташ дар Сурия фақат мавзеъҳои гурӯҳи Давлати исломиро ҳадаф мегирад, вале Амрико ва дигар кишварҳо мегӯянд, Русия бо ҳимоят аз раиси ҷумҳур Башшор Асад, ба мухолифони дохилии ӯ зарба мезанад. Нахуствазири Русия ҳукумати Амрикоро барои он танқид кард, ки ҳайати Русия ба раҳбарии уро барои баҳс дар масъалаи Сурия қабул накард. Вай гуфт, “ин як рафтори аҳмақонае буд”, ки “заифии” Амрикоро нишон дод.