Се муовини шаҳрдори Алмато истеъфо додаанд. Гузориш шудааст, ки Зауреш Аманжолова, Юрий Илин ва Мурат Кудишев ихтиёран аз вазифаҳои худ рафтаанд. Зауреш Аманжолова дар ҳукумати Алмаато масоили тандурустӣ, сиёсати дохилӣ, маориф, фарҳанг, варзиш, сиёсат дар умури ҷавонон, марказҳои фарҳангии миллиро раҳбарӣ мекард. Мурат Кудишев масоили иқтисодӣ ва молиро бар ӯҳда дошта, масъалаҳои харидории давлатӣ ва хоҷагии шаҳрдориро назорат мекард. Юрий Илин ба масоили рафъ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, мусофиркашонӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ раҳбарӣ мекард. Дар аввали моҳи август Бауиржан Байбек, собиқ муовини раиси ҳизби ҳокими “Нур Отан” шаҳрдори Алмаато таъйин шуд. Вай дар ин вазифа Ахметжан Есимовро иваз кард, ки ба вазифаи раиси шӯрои ширкати миллии “Астана ЭКСПО-2017” интихоб шуд. Шаҳрдори Алмаато панҷ муовин дорад.