Дидори Эмомалӣ Раҳмон аз Қазоқистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба манзури ширкат дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Муштаракулманофеъ (ИДММ) вориди Остона, пойтахти Қазоқистон шуд.

Дар назар аст, дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДММ, ки рӯзи ҷумъаи 16 октябр дар шаҳри Остона баргузор мешавад, масоили тавсеъаи ҳамкориҳо дар чорчӯби ин созмон ва мавзӯъоти мубрами байналмилалию минтақавӣ баррасӣ шавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Қазоқистон, дар ин ҷаласа 17 масъала, аз ҷумла, муборизаи муштарак алайҳи терроризму бунёдгаройӣ, вазъияти амниятӣ дар Афғонистон ва Ховари Миёна матраҳ хоҳад шуд.

Ҳамчунин, интизор меравад, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ба ҳамтоёни худ дар мавриди ҳамалоти ҳавоии неруҳои кайҳонии ин кишвар дар Сурия иттило диҳад.