Ҳукумати Тоҷикистон барои ташвиқи мардум ба фарзандхонӣ гуфт, муқаррароти ба фарзандӣ гирифтани ҳазорон ятим дар кишварро осон мекунад. Порлумони Тоҷикистон бо тағйиру ислоҳот ба чанд санад аз ҷумла Кодекси оила ва “Қонун дар бораи боҷи давлатӣ”, гуфт, аз афроде, ки ятимонро ба фарзандӣ мегиранд, зимни иҷрои расмиёт ҳеҷ гуна боҷе гирифта намешавад. Айни замон ба гуфтаи вакилони мардумӣ, расмиёти фарзандхонӣ ҳам осонтар карда мешавад ва акнун имкон дорад, ҷуфтҳои бефарзанд дар як моҳ ятимеро ба фарзандӣ бигиранд. Дар Тоҷикистон 46 ҳазору 200 ятим зиндагӣ мекунанд, вале дар муддати 5 соли ахир дар фақат 3900 ятимро ба фарзандӣ гирифтаанд.