Ширкати Tethys Petroleum-ро водор мекунанд, ки аз коркарди кони бузурги гази ноҳияи Бохтар берун шавад, хабар медиҳад сомонаи Neftegaz.ru. Ба иттилои ин манбаъ, ду рӯз қабл ширкат аз номи шариконаш – ширкатҳои чинии CNPC ва фаронсавии Total “ултиматум” гирифтааст.
Дар он гуфта мешавад, ки Tethys барои насупоридани 1,28 млн доллар пардохти худ дар моҳи сентябри соли 2015 бояд “ҷойро холӣ кунад. Қарзи он ба сурати умум 2,06 млн долларро ташкил медодааст. Дар ин асос Total ва CNPC аз Tethys дархост кардаанд, ки аз ин қарордод берун шуда, саҳмияҳои худро дар ихтиёри ин ду ширкат қарор бидиҳад.
Намояндагони Tethys мегӯянд, ки барои ҳимояи манфиатҳои худ дар ин тарҳ аз ҳамаи роҳҳои имконпазири тиҷоратӣ истифода мекунанд.
Tethys дар Тоҷикистон аз соли 2008 фаъолият мекунад. Дар охири моҳи июли соли 2012 ин ширкат эълом дошт, ки бо ҷустуҷӯи геологӣ дар Тоҷикистон миқдори зиёди нафту газ ошкор шудааст. Феълан Tethys, CNPC ва Total дар кони Бохтар саҳмияҳои баробари 33,33% барои ширкат дар истихроҷи ин конро доранд. Кони Бохтар метавонад 3,22 триллион метри муккааб газ ва 8,5 миллиард бушка нафт дошта бошад.