Муфаттишони Ҳолланд мегӯянд, ба ин хулоса расиданд, ки ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Малайзияро дар натиҷаи зарбаи мушаки замин ба ҳавои Бук суқут кардааст. Ба гуфтаи онҳо мушакро аз шарқи Украина партоб кардаанд ва кулоҳаки он дар бари кабинаи ҳавопаймо таркидааст. Шӯрои муттасадии амнияти парвозҳои Ҳолланд натиҷаҳои таҳқиқро рӯзи 13-уми октябр эълон кард. Тамоми 298 мусофири ҳавопаймо билофосила баъди зарбаи мушак ҳалок шудаанд. Муфаттишони Ҳолланд мегӯянд, агар Украина қаламрави ҳавоиашро мебаст, ҳавопаймоҳои мусофирбар низ аз онҷо парвоз намекарданд. Ба гуфтаи муфаттишон “ҳеҷ касе дар бораи хатар чизе ҳам нагуфтааст”. Муфаттишон пеш аз эълони натиҷаҳои пажӯҳиш натиҷаҳои онро, ба хешовандони қурбониёни фалокат гуфтаанд. Ба қавли муфаттишон, мусофирони ҳавопаймо билофосила баъди зарбаи мушак ҷон додаанд. Соли гузашта рӯзи 17-уми июл ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Малайзия дар шарқи Украина, бо 298 мусофир ва аксарашон шаҳрвандони Ҳолланд сарнагун шуд.