Рӯзи 13-уми октябр дар додгоҳи вилоятии Қарағанда баррасии шикояти се корманди собиқи пулиси ноҳияи Нурин оғоз шуд, ки ҳар кадоме ба ҷурми шиканҷа сесолӣ зиндонӣ шудаанд. Дар шикояти вакили дифои кормандони собиқи пулис Павел Фейст дархост шудааст, ки ҳукми додгоҳи зинаи аввал ғайриқонунӣ дониста шавад. Ба гуфтаи ӯ, ҷабрдида Николай Синявин ва модараш дар баёноти худ иштибоҳ мекарданд, вале додгоҳ ин нуқтаро ба инобат нагирифтааст. Вакили дифоъ ҳамчунин пойфишорӣ дорад, ки зерҳимояҳоаш Синявинро шиканҷа накардаанд ва аслан он рӯз дар ҷои ҳодиса набудаанд. Аз манфиатҳои ҷабрдида Синявин дар додгоҳ вакили дифоъ Зуҳра Коптаева ҳимоят мекунад, ки аз сӯйи як созмони ҳуқуқи башари Қазоқистон фиристода шудааст. Дар моҳи июли соли ҷорӣ се корманди пулиси ноҳияи Нурини вилояти Қарағанда бо айби шиканҷаи Николай Синявин, ки дар пайи ин кор маъюб шудааст, барои се сол равонаи зиндон шуданд. Маъмурони пулис дар он гунаҳгор дониста шуданд, ки Синявинро водор кардаанд, ки дар дуздие, ки накардааст, иқрор шавад.