Дар суди № 2 ноҳияи Алмалини шаҳри Алмато муҳокимаи парвандаи нашрияи “Жас Алаш” оғоз шуд. Судя Айнур Бейсеуова рӯзноманигоронро нагузошт, ки дар ҷаласаи додгоҳ ширкат кунанд. Роҳбари Маркази тибби тибетӣ Жасан Зекейули аз додгоҳ мехоҳад чопи нашрия “Жас Алаш” манъ шуда, он ба вай 400 миллион тенге ҷуброни зарари маънавӣ пардозад.
Сармуҳаррири нашрия Рисбек Сарсенбай дар робита ба он ки нишонии ҳуқуқии Маркази тибби тибетӣ дар ноҳияи Алмалин нест ва ҳамчунин манъи вуруди рӯзноманигорон ба додгоҳ эътироз баён кард. Додгоҳ ба хонаи машваратӣ рафтааст.
Жасан Зекейули талаб дорад, ки чопи нашрияи “Жас Алаш” барои шаш моҳ манъ гардад ва барои расонидани зарари маънавӣ ба вай дар ҳаҷми 400 миллион тенге (наздики 1,5 миллион доллари ИМА) рӯёнида шавад. Ҳамчунин нашрия расман аз Жасан узрхоҳӣ кунад.
Ин баҳси додгоҳӣ баъд аз он шуруъ шуд, ки нашрия дар бораи Жасан Зекейули мақолаи “Академик” бо оилааш баҳс мекунад”-ро ба чоп расонд.