Фаъоли тотор Эскандер Небиев боздошт шуд

Шоми 9 октябр дар Қрим собиқ наворбардори шабакаи телевизионии тоторҳои Қрим ATR Эскандер Небиев боздошт шуд. Вай ҳамзамон писари гумонбар ба ҳамла ба истгоҳи ёрии таъҷилӣ дар Симферопол Бекир Набиев мебошад. Аммо мақомоти русгарои Қрим изҳор доштанд, ки боздошти Небиев ба парвандаи падараш рабт надошта, ӯ ба иштирок дар беназмиҳои 26 феврал дар назди бинои порлумон дар Симферопол муттаҳам дониста мешавад.

Рӯзи шанбе дар бешазори наздикии Симферопол ҷасади Бекир Небиеви 55- сола ёфт шуд, ки дар ҳамла ба истгоҳи ёрии таъҷилӣ дар Симферопол дар таърихи 26 сентябр гумонбар буд. Ҷасад аз сӯйи ҷонварон сахт осеб дидааст, аммо изи тир дар тани он ба бозрасон имкон дод, то хулоса кунанд, ки вай худкушӣ кардааст. Милтиқи шикорие, ки эҳтимолан аз он вай ба сӯйи пизишкон тирпарронӣ кардааст, дар назди ҷасад ёфт шудааст.

Дар пайи ҳамла ба истгоҳи ёрии таъҷилӣ дар Симферопол ду нафар кушта ва ду нафари дигар захмӣ шуданд. Ҷароҳатбардоштагон дар бемористонанд.

26 феврали соли гузашта дар назди бинои порлумон дар Симферопол миёни ширкаткунандагони ду гирдиҳамоӣ - ҷонибдорон ва мухолифони ҳукумати нави Украина даргирие сурат гирифт. Он замон ду нафар кушта ва тақрнибан 30 нафар осеб диданд.