Соҳибкори қазоқ Ерлан Нурпеисов барои маълумот дар бораи нафаре, ки журналист ва блогнавис Ботогоз Жумановаро дар Алмаато латукӯб кард, ҷоиза медиҳад. Вай дар сафҳаи худ дар шабакаи Facebook навишт, ки барои чунин иттилоъ 100 000 тенге медиҳад ва аз тоҷирони дигар даъват кард, ки «барои иттилоъ ба хабардиҳанда ҷоизаро бештар кунанд».
Хабарнигор ва блогнависи Алмаато Ботагоз Жуманова баъд аз ҳамлаи шоми 8 октябр осеб дида, дар бемористон бистарӣ шудааст. Пулис навори видеоии латукӯби ин хабарнигорро таҳқиқ мекунад. Ин парванда на ҳамчун ғоратгарӣ унвон шудааст.
Ботагоз Жуманова хабарнигори саршиноси Алмаатост, ки бештар дар масоили молиявӣ матлаб менависад. Аз ӯ ҳамчунин ба унвони коршиноси арсаи бонкӣ ном бурда мешавад.