Русия аз Бритониё хостааст, ки барои дарёфти робита бо “Артиши озоди Сурия” ёрӣ диҳад. Русия мехоҳад, дар мубориза бо гуруҳи “Давлати исломӣ” талошҳояшро бо мухолифон ҳамоҳанг кунад, хабар додааст РИА “Новости”.
“Ҷониби Русия барои ёрмандӣ дар барқарории робита бо “Артиши озоди Сурия” аз ҳамтоёни бритониёии худ сипосгузор хоҳад буд. Русия мехоҳад бо кумаки Бритониё муборизаҳояшро алайҳи ДИ пурзӯр кунад ва ҳамчунин “Артиши озоди Сурияро” ба равандҳои сиёсӣ шомил созад”, - зикр шудааст дар хабар.
“Давлати исломӣ” – гуруҳи террористиест, ки фаъолияташ дар чандин кишвар, аз ҷумла дар Русия, манъ шудааст. Сар аз 30 сентябр Русия ба ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Сурия шурӯъ кард.