Тошканд ва Ашқобод аз вазъ дар Афғонистон нигаронанд

Баррасии вазъ дар Афғонистони ҳамсоя мавзӯъи асосии дидори раисони ҷумҳури Ӯзбекистон ва Туркманистон Ислом Каримов ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 8 октябр дар Тошканд буд.

Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ҳамкории ниҳодҳои ду кишварро барои ҳимояти марз бо Афғонистон тақвият диҳанд. Каримов бо ишора ба ҳаводиси ахир дар шаҳри Кундуз, ки аз сӯйи ҷангиёни ҷунбиши Толибон ғасб шуда буд, зикр кард, ки ин ҳаводис «наметавонад мояи нигаронии кишварҳои ҳамсоя набошад».

Раиси ҷумҳури Туркманистон дар навбати худ таъкид кард, ки ҳамкорӣ дар заминаи муқобала бо тундгароӣ, терроризми байналмиллалӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва ҳалли «ҳамаи даргириҳо ва ихтилофт бар пояи роҳҳои дипломатӣ ва сиёсӣ» муҳим аст.

Бердимуҳаммадов бо даъвати Каримов дар Ӯзбекистон аз 7 то 8 октябр сафари расмӣ анҷом дод.