Муҳоҷирони узбак фермери кореягиро куштанд

Дар Кореяи ҷанубӣ ҷустуҷӯи ду шаҳрванди Узбакистон идома дорад, ки дар ғорату куштори як фермери 54-солаи маҳаллӣ гумонбар мешаванд. Ба иттиллои шабакаи телевизионии МВС, гумонбарон аз манзили фермер 28 ҳазор долларро рабуда ғайб заданд.

Нашрияи NEWSIS, чопи Сеул, менависад, ба ҷуз ду шаҳрванди 24 ва 50 сола, як шаҳрванди 39-солаи Узбакистон ҳам мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад, ки ба гумонбарон иҷозаи тавассути ҳисоби бонкияш ба Узбакистон интиқол доданимаблағи рабудашударо додааст.

Тайи солҳои ахир ин саввумин ҷинояти пурсару садоест, ки муҳоҷирони кории Узбакистон дар Кореяи ҷанубӣ содир кардаанд.