Баёнияи фармондеҳи Амрико дар бораи ҳамла ба Кундуз

Фармондеҳи кулли неруҳои амрикоӣ ва эътилофӣ дар Афғонистон генерал Ҷон Кэмпбелл изҳор дошт, ки ҳамлаи ҳавоӣ ба бемористони Кундуз бо дархости неруҳои афғон сурат гирифтааст. Созмони «Табибони бидуни марз» ИМА-ро дар мушакборони бемористон, ки дар пайи он 22 нафар, аз ҷумла кормандони созмон, кушта шуданд, айбдор кард. Ҳангоми суханронӣ рӯзи 5 октябр дар Пентагон генерал Кэмпбелл гуфт, «неруҳои афғон аз оташкушоии Толибон хабар доданд ва аз мо хоҳиш карданд, ки ба эшон кумак расонем». Кэмпбелл афзуд, низомиён таҳқиқи шаффофи ҳодисаи рухдодаро таъмин мекунанд.