Барчидани овеза ва аксҳо аз пештоқи қароргоҳи марказии ҲНИТ

Навиштаҷот ва аксҳо аз пештоқи бинои қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзатии исломии Тоҷикистон воқеъ дар кӯчаи Борбади пойтахт барчида шуданд. Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, ки рӯзи 6-уми октябр ду крани борбардор дар соати 11:30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ навиштаҷот дар пештоқи қароргоҳи ҲНИТ-ро барканданд ва ҳоло ба барчидани нишонаи ин ҳизб, ки дар пушти дари қароргоҳ ҷой дошт, машғуланд. Ҳамин тавр, ҳамаи шиору овезаҳо ва акси бунёдгузори ин Саид Абдулоҳи Нурӣ аз пештоқи ин бино барчида шудаанд.

Додгоҳи иқтисодии Душанбе бо дархости Додситонии кулли Тоҷикистон шоми 24 август қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), воқеъ дар кӯчаи Борбади пойтахтро баста буд. Масъулони додгоҳ гуфтаанд, ин кор на ба фаъолияти ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ, балки ба баҳси ҳалношудаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ бо соҳибмулки асосии бино рабт дорад.

Ҳарчанд дар ин қазия аз ягон нафари мушаххас ном бурда намешавад, вале ба қавли мақомот гӯё бинои қароргоҳи марказии ҲНИТ ғайриқонунӣ харидорӣ шуда, ба ширкати "Тиҷорат" тааллуқ доштааст. Аз ин пеш Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, ки бинои мазкур ба таври ғайриқонунӣ харидуфурӯш шудааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29-уми сентябр Ҳизби наҳзати исломиро созмони террористӣ эълон кард ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон намуд.