Талош барои ҷалби бештари тоҷирони Русия ба ҳамоиши Душанбе

Сафорати Тоҷикистон дар Русия талош мекунад, то дар Ҳамоиши байналмилалии тиҷорат дар шаҳри Душанбе шумори бештари тоҷирони рус ва тоҷикони муқими Русия ширкат кунанд.

Бино ба хабари Муҳаммади Эгамзод, намояндаи ин сафорат, ҳоло феҳристи намояндагони ширкатҳои бузурги Русия ва тоҷирони тоҷики муқими ин кишвар, ки барои ширкат дар ҳамоиши Душанбе моил ҳастанд, таҳия шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, шумори зиёди тоҷикон дар шаҳрҳои мухталифи Русия корхонаҳо боз карда ва аз тоҷирони муваффақ дар ин кишвар маҳсуб мешаванд.

Гуфта мешавад, ин афрод бо ватани худ равобити доимӣ дошта ва мехоҳанд ба иқтисоди Тоҷикистон сармояи мустақим ворид кунанд.

Зимнан, дар назар аст, рӯзи 14 октябри соли ҷорӣ таҳти сарпарастии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, “Ҳамоиши байналмилалии соҳибкорӣ Душанбе-2015” баргузор шавад.

Дарин ҳамоиш шароити мусоид барои гуфтугӯи мустақими соҳибкор бо сармоягузор, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистонва таҳкими ҳамкориҳои дарозмуддат фароҳам хоҳад шуд.