Эълони Башор Асад аз иттиҳоди Сурия бо Русияву Эрон ва Ироқ

Башор Асад

Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад гуфт, Сурия, Русия, Эрон ва Ироқ барои набард бо терроризм муттаҳид шудаанд. Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 4 октябр аз қавли Асад гуфт, ин 4 кишвар ба “натиҷаҳои амалӣ” ноил хоҳанд шуд. Ӯ ҳушдор дод, ки ин эътилоф бояд комёб шавад, “вагарна тамоми минтақа барбод хоҳад рафт.” Ин нахустин сӯҳбати Башор Асад дар пайи оғози ҳамлаҳои ҳавоии Русия алайҳи мавқеъҳои чирикиҳо дар Сурия мебошад. Дар ҳамин ҳол, президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар Истамбул амалиёти низомии Русия дар Сурияро “иштибоҳи бузург” ва “барои Туркия ғайриқобилиқабул” номид. Ӯ гуфт, ин ҳамлаҳо Русияро дар минтақа дар инзивоъ қарор хоҳад дод.