9 кушта, 37 захмӣ дар бемористони Қундуз

Созмони “Табибони бидуни марз” мегӯяд, бар асари ҳамлаи ҳавоии шаби гузашта бемористони ин созмон дар шаҳри Қундузи Афғонистон қисман тахриб шуда, 9 корманди он кушта, 37 нафар захмӣ ва шуморе бенишон шудаанд. “Табибони бидуни марз” рӯзи 3 октябр гуфт, “мо аз ин ҳамла, ки мунҷар ба ҳалокати кормандон ва беморони мо шуд ва аз талафоти сангине ки ба низоми тандурустӣ дар Қундуз расонд, амиқан таккон хӯрдем.” Ин созмон мегӯяд, бемористон дар натиҷаи “ҳамлаи ҳавоӣ” дар ҷараёни даргириҳои давомдор байни ҷангиёни Толибон ва нирӯҳои давлатии таҳти ҳимояти НАТО, ки талош доранд назорат бар Қундузро аз нав ба даст биоранд, тахриб шудааст. Паймони низомии НАТО гуфт, “нирӯҳои Амрико соати 2:15... алайҳи афроде ки ба ин нирӯҳо таҳдид мекарданд, ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод. Ин зарба метавонист ҳамзамон ба таъсисоти тиббии воқеъ дар он наздикӣ осеб бирасонад. Қазия мавриди таҳқиқ қарор дорад.” Ҷангиёни Толибон ҳавопаймо надоранд.