Бонки марказии Қазоқистон рӯзи 2 октябр ба хотири пуштибонии бештар аз қурби уфтодаи танга - пули миллии ин кишвар - фоизи қарзҳояшро аз 12 дарсад то 16 фоиз боло бурд. Бонки марказӣ дар баёнияаш гуфт, ин иқдом бар асоси “омори иқтисодӣ ва дурнамои рушд” буда, ҳадафаш “дар миёнамуддат дар сатҳи аз 6 то 8 дарсад нигоҳ доштани сатҳи таваррум аст.” Қурби танга аз нархи нафт сахт вобаста аст ва Қазоқистон барои ҳифзи қурби пули миллиаш то имрӯз беш аз 1 миллиард доллар сарф кардааст. Баъди гузаштан ба қурби озод Бонки марказӣ дар моҳи август коридори қурби як долларро аз 208 то ба 300 танга муқаррар кард. Дар натиҷа бисёре аз ширкатҳову корхонаҳо ва афроди алоҳида дар ҳисобу китобҳои худ ба доллар гузаштанд.