Дар Бишкек «террористи телефонӣ» боздошт шуд

Ин «террорист» Б.Д. шаҳрванди 34-солаи Қирғизистон будааст. Дар яке аз созмонҳои байналхалқӣ ба ҳайси раҳбари иҷроия фаъолият мекунад. Аз ҷайби вай ҳамчунин шиносномаи шаҳрвандии Русия ёфт шудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаи «Расонидани хабари бардурӯғ дар бораи ҳодисаи террористӣ» парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Додгоҳи ноҳияи Первомайи Бишкек шаҳрванд Б.Д.-ро ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.

Хабари телеофнии бомба дар қаҳвахонаи рӯбарӯи Қасри варзиши Бишкек шоми 24 сентябр ба қисми навбатдории пулис расид. Бино аз ҷониби пулис ба муҳосира гирифта шуд, аммо сагҳои бӯйгир ягон маводи тарканда пайдо накарданд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ёдовар мешавад, ки расонидани хабари бардурӯғ дар бораи иқдоми террористӣ амали ҷиноӣ ба ҳисоб меравад.