Раҳмон Ҷинпинро бо ҷашни миллӣ табрик кард

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, зимни як барқия Си Ҷинпин, ҳамтои чинии худро бо 66-умин солгарди таъсиси ин кишвар муборакбод кард.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин барқия ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистону Чин дар бахшҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ишора шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба таҳаввулоти ҷиддӣ дар самтҳои иқтисодию иҷтимоъӣ ва ҳаёти ҷамъиятию сиёсии Чин ва касби мавқеъи сазовори ин кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ таъкид кардааст.

Зимнан, Чин аз ҳамкорони аслии Тоҷикистон дар бахши иқтисодӣ маҳсуб шуда ва дар назар аст, ин кишвар дар зарфи се соли оянда ба иқтисоди Тоҷикистон ба миқдори 6 миллиард доллар сармоя ворид кунад.

Ҳамчунин, бахши аъзами тарҳҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла, бунёди роҳҳои автомобилрав, пулҳои иртиботӣ, тунелҳо ва хаттҳои интиқоли неруи барқ бо сармоя ва тавассути мутахассисони чинӣ иҷро мешаванд.

Аз сӯйи дигар, Чин аз кишварҳое маҳсуб мешавад, ки барои Тоҷикистон бештар аз ҳар кишвари дигар қарз додааст.

Тибқи иттилоъи расмии Тоҷикистон, аз ҷумлаи 2,1 миллиард доллари қарзҳои хориҷии ин кишвар саҳми Чин 911,5 миллион долларро ташкил додааст.