Тоҷикони Қирғизистон

Муҷассамаи қаҳрамонони Ҷанги дувуми ҷаҳон дар маркази Ӯчқӯрғон. Дар инҷо 70 дарсади мардум бекор аст ва бисёриҳо ба боғдорӣ машғуланд. Аксари себу шафтолу, гелосу олу ва ангури Учқӯрғон ба берун фурӯхта мешавад.

Мавлонҷон Абдураззоқов, раиси Анҷумани тоҷикони Учқӯрғон. Рӯи мизи кории ӯ китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикист, ки ҳукумати Тоҷикистон фиристодааст. Абдураззоқов мегӯяд, дар рӯзҳои нооромӣ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон вазъ дар Учқӯрғон ҳам буғранҷ мешавад.

Муаллифи нахустин "Алифбо"-и тоҷикӣ дар Қирғизистон Ҳурматхон Аҳмадалиева бо шоигрдонаш дар мактаби ба номи Садриддин Айнӣ. Таълим дар ин мактаб ба забонҳои тоҷикиву русист. Ахиран дар инҷо синфҳои қирғизӣ низ кушоданд.

Овезаи тоҷикӣ дар мактаби ба номи Айнӣ. Дар Учқӯрғон 10 мактаб амал мекунад. Бархе кӯдакони тоҷикзабон ба далели камбуди китобҳои дарсӣ таҳсил бо забонҳои дигарро ихтиёр мекунанд. Омӯзгорон мегӯянд, сатҳи забони тоюикии насли нав пойин рафтааст.

Маркази забони қирғизӣ ва адабиёти қирғизу тоҷик. Ин марказ бо ташаббуси адиби маъруф Мирзоҳалим Каримов таъсис ёфтааст. Каримов аз Ҷиргатоли Тоҷикистон аст, вале асосан ба забони қирғизӣ асар менависад.

Мудири мактаби ба номи Айнӣ Қумрихон Абдураззоқова дар назди либосҳои миллии ансамбли мактаб. 

Мактаби ба номи Мамадалӣ Қурбонов. Ин зодаи Учқӯрғон дар солҳои 30 ва 40-уми асри гузашта сарвазири Тоҷикистон буд.

Шогирдони тоҷики яке аз мактабҳои Учқӯрғон

Дар ин шиор гуфта мешавад, ки "Забонҳои мо гуногун аст, вале мо ба ҳамдигар ниёз дорем"

Таълим дар ин мактаб ба забонҳои тоҷикию русист, вале овезаҳо - ҳама ба забони қирғизӣ.

Шоири тоҷик Шарифҷон Абдураззоқов, мутахаллис ба Шарифҷони Учқӯрғонӣ, маъруфтарин шахсияти адабии тоҷикони Қирғизистон ба шумор меравад. Китоби шеърҳоеро, ки ӯ дар даст дорад, Мирзоҳалим Каримов ба қирғизӣ тарҷума кардааст.

Нонвойхонаи Уқӯрғон. Беш аз нисф аз 30 000 аҳолии ин русторо тоҷикҳо ташкил медиҳанд. Тоҷикони Учқӯрғон бузургтарин диаспораи тоҷикон дар Қирғизистон ба шумор мераванд.

Рустои Учқӯрғон дар ҷануби Қирғизистон ҳамчун бузургтарин макони сукунат ва бузургтарин маркази фарҳангии тоҷикони Қирғизистон маъруф аст.