Артиши Покистон мегӯяд, ки 25 тундрави эҳтимолӣ дар ҳамлаҳои ҳавоӣ дар шимоли кишвар дар марз бо Афғонистон кушта шудаанд.
Як мақоми кашфи Покистон гуфт, ки дар 40 километрии марзи Афғонистон 1 октябр дар ҳамлаҳои ҳавоӣ 6 паноҳгоҳи тундравҳо хароб шудааст.
Ҳукумат соли гузашта ҳамла ба тундравҳои Толибонро дар имтидоди марз бо Афғонистон, ба вижа дар Вазиристони Шимолӣ оғоз кард.
Бо вуҷуди чунин ҳамлаҳои Покистон ба Толибон Афғонистон шикоят мекунад, ки Покистон қаламрави худро дар ихтиёри Толибони афғон гузоштааст ва онҳо бо ҳукумати Кобул меҷанганд.